Эй сарви ҳадиқаи маъонӣ

608

Эй сарви ҳадиқаи маъонӣ,
Ҷонию латифаи ҷаҳонӣ.

Пеши ту ба иттифоқ мурдан
Хуштар, ки пас аз ту зиндагонӣ.

Чашмони ту сеҳри аввалинанд,
Ту фитнаи охируззамонӣ.

Чун исми ту дар миён набошад?
Гӯӣ, ки ба ҷисм дар миёнӣ.

Онро ки ту аз сафар биёӣ,
Ҳоҷат набувад ба армағоне.

Гар з-омаданат хабар биёранд,
Ман ҷон бидиҳам ба муждагонӣ.

Дафъи ғами дил наметавон кард,
Илло ба умеди шодмонӣ.

Гар сурати хештан бибинӣ,
Ҳайрони ҷамоли худ бимонӣ.

Гар сулҳ кунӣ, латиф бошад
Дар вақти баҳору меҳрбонӣ.

Саъдӣ хати сабз дӯст дорад
Перомани хатти арғавонӣ.

Ин пир нигар, ки ҳамчунонаш
Аз ёд намеравад ҷавонӣ.