Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст.