Эй сояи сунбулат суманпарварда

36

Эй сояи сунбулат суманпарварда,
Ёқути лабат дурри Адан парварда!
Ҳамчун лаби худ мудом ҷон мепарвар
З-он роҳ, ки рӯҳест ба тан парварда.