Эй суратат зи гавҳари маънӣ хазинае

516

Эй суратат зи гавҳари маънӣ хазинае,
Моро зи доғи ишқи ту дар дил дафинае.

Донӣ, ки оҳи сӯхтагонро асар бувад?
Магзор нолае, ки барояд зи синае.

Зевар ҳамон ду риштаи марҷон кифоят аст,
В-аз мӯй дар канору барат анбаринае.

Сар дарнаёварам ба салотини рӯзгор,
Гар ман зи бандагони ту бошам каминае.

Чашме, ки ҷуз ба рӯи ту бар мекунам, хатост,
В-он дам ки бе ту мегузаронам, ғабинае1.

Тадбир нест ҷуз сипар андохтан, ки хасм
Санге ба даст дораду мо обгинае.

В-онро раво бувад, ки занад лофи меҳри дӯст,
К-аз дил бадар кунад ҳама меҳрею кинае.

Саъдӣ ба покбозию риндӣ масал нашуд,
Танҳо дар ин мадина, ки дар ҳар мадинае.

Шеъраш чу об дар ҳама олам равон шуда,
К-аз Порс меравад ба Хуросон сафинае.


1 Мутасаввар, тасаввуршаванда.