Эй хуррам аз фурӯғи рухат лолазори умр

253

Эй хуррам аз фурӯғи рухат лолазори умр,
Боз о, ки рехт бе гули рӯят баҳори умр.

Аз дида гар сиришк чу борон чакад, равост,
К-андар ғамат чу барқ бишуд рӯзгори умр.

Ин як-ду дам, ки муҳлати дидор мумкин аст,
Дарёб кори мо, ки на пайдост кори умр.

То кай майи сабӯҳу шакархоби бомдод?
Ҳушёр гард, ҳон, ки гузашт ихтиёри умр.

Дӣ даргузор буду назар сӯйи мо накард,
Бечора дил, ки ҳеч надид аз гузори умр.

Андеша аз муҳити фано нест, ҳар киро
Бар нуқтаи даҳони ту бошад мадори умр.

Дар ҳар тараф зи хайли ҳаводис камингаҳест,
З-он рӯ инонгусаста давонад савори умр.

Бе умр зиндаам ману ин бас аҷаб мадор,
Рӯзи фироқро кӣ ниҳад дар шумори умр?

Ҳофиз, сухан бигӯй, ки дар сафҳаи ҷаҳон
Ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр.