Эй чашми ту дилфиребу ҷоду

478

Эй чашми ту дилфиребу ҷоду,
Дар чашми ту хира чашми оҳу.

Дар чашми манию ғоиб аз чашм,
З-он чашм ҳамекунам ба ҳар сӯ.

Сад чашма зи чашми ман кушояд,
Чун чашм барафканам бар он рӯ.

Чашмам бастӣ ба зулфи дилбанд,
Ҳушам бурдӣ ба чашми ҷоду.

Ҳар шаб чу чароғ чашм дорам,
То чашми ману чароғи ман ку?

Ин чашму даҳону гардану гӯш
Чашмат марасоду дасту бозу!

Маҳ гарчи ба чашми халқ зебост,
Ту хубтарӣ ба чашму абрӯ.

Бо ин ҳама чашм зангии шаб
Чашми сияҳи турост ҳинду.

Саъдӣ, ба ду чашми ту, ки дорад
Чашмею ҳазор дона луълу.