Эй ёри ҷафокардаи пайвандбурида

491

Эй ёри ҷафокардаи пайвандбурида,
Ин буд вафодорию аҳди ту надида.

Дар кӯи ту маъруфаму аз рӯи ту маҳрум,
Гурги даҳанолудаи Юсуфнадарида.

Мо ҳеч надидему ҳама шаҳр бигуфтанд
Афсонаи Маҷнуни ба Лайлӣ нарасида.

Дар хоб газида лаби ширини гуландом,
Аз хоб набошад, магар ангушти газида.

Бас дар талабат кӯшиши бефоида кардем,
Чун тифли давон дар паи гунҷишки парида.

Мурғи дили соҳибназарон сайд накардӣ,
Илло ба камонмуҳраи абрӯи хамида.

Майлат ба чӣ монад? Ба хиромидани товус,
Ғамза-т ба нигаҳ кардани оҳуи рамида.

Гар пой бадар мениҳам аз нуқтаи Шероз,
Раҳ нест, ту пиромани ман ҳалқа кашида.

Бо дасти булӯрини ту панҷа натавон кард,
Рафтем дуо гуфтаву дашном шунида.

Рӯи ту мабинод дигар дидаи Саъдӣ,
Гар дида ба кас боз кунад рӯи ту дида!