Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту

410

Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту,
Зинати тоҷу нигин аз гавҳари волои ту.

Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯъе медиҳад
Аз кулоҳи хусравӣ рухсори маҳсимои ту.

Ҷилвагоҳи тоири иқбол бошад, ҳар куҷо
Соя андозад ҳумои чатри гардунсои ту.

Дар русуми шаръу ҳикмат бо ҳазорон ихтилоф
Нуктае ҳаргиз нашуд фавт аз дили донои ту.

Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад
Тӯтии хушлаҳҷа, яъне, килки шаккархои ту.

Гарчи хуршеди фалак чашму чароғи олам аст,
Равшаноибахши чашми ӯст хоки пои ту.

Он чи Искандар талаб карду надодаш рӯзгор,
Ҷуръае буд аз зулоли ҷоми ҷонафзои ту.

Арзи ҳоҷат дар ҳарими ҳазратат муҳтоҷ нест,
Рози кас махфӣ намонад бо фурӯғи рои ту.

Хусраво, пиронасар Ҳофиз ҷавонӣ мекунад
Бар умеди афви ҷонбахши гунаҳфарсои ту.