Эй ҳамнафаси чанд, ки ёред ба ман

Эй ҳамнафаси чанд, ки ёред ба ман,
Ошиқ шудаам, маро гузоред ба ман!
Чандам гӯед, к-аз фалон дил бардор?
Ман донаму дил, шумо чӣ доред ба ман?