Яке пурсид аз он гумкардафарзанд

Яке пурсид аз он гумкардафарзанд,
Ки «Эй равшангуҳар пири хирадманд,

Зи Мисраш бӯи пироҳан шунидӣ,
Чаро дар чоҳи Канъонаш надидӣ?»

Бигуфт: «Аҳволи мо барқи ҷаҳон аст,
Даме пайдову дигар ҳам ниҳон аст.

Гаҳе бар торуми аъло нишинем,
Гаҳе бар пушти пои худ набинем.

Агар дарвеш дар ҳоле бимондӣ,
Сари даст аз ду олам барфишондӣ».