Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд

212

Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд
В-аз лаби соқӣ шаробам дар мазоқ афтода буд.

Аз сари мастӣ дигар бо шоҳиди аҳди шабоб
Раҷъате мехостам, лекин талоқ афтода буд.

Дар мақомоти тариқат ҳар куҷо кардем сайр,
Офиятро бо назарбозӣ фироқ афтода буд.

Соқиё, ҷоми дамодам деҳ, ки дар сайри тариқ
Ҳар кӣ ошиқваш наёмад, дар нифоқ афтода буд.

Эй муаббир, муждае фармо, ки дӯшам офтоб
Дар шакархоби сабӯҳӣ ҳамвисоқ афтода буд.

Нақш мебастам, ки гирам гӯшае з-он чашми маст,
Тоқати сабр аз хами абрӯш тоқ афтода буд.

Гар накардӣ нусрати дин Шоҳ Яҳё аз карам,
Кори мулку дин зи назму иттисоқ афтода буд.

Ҳофиз он соат, ки ин назми парешон менавишт,
Тоири қудсаш ба доми иштиёқ афтода буд.