Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш

342

Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш,
Эй ки дасте чарб дорӣ, пештар девори хеш.

Хидмататро ҳар кӣ фармоӣ, камар бандад ба тавъ,
Лекин он беҳтар, ки фармоӣ ба хидматгори хеш.

Ман ҳам аввалрӯз гуфтам: Ҷон фидои рӯи ту,
Шарти мардӣ нест баргардидан аз гуфтори хеш.

Дарди ишқ аз ҳар кӣ мепурсам, ҷавобам медиҳад:
Аз кӣ мепурсӣ, ки ман худ оҷизам дар кори хеш?

Сабр чун парвона бояд карданат бар доғи ишқ,
Эй ки суҳбат бо яке дорӣ на дар миқдори хеш.

Ё чу дидорам намудӣ, дил набоястӣ шикаст,
Ё набоястӣ намуд аввал маро дидори хеш.

Ҳадди зебоӣ надоранд ин худовандони ҳусн,
Эй дареғо, гар бихурдандӣ ғами ғамхори хеш.

Ақлро пиндоштам, дар ишқ тадбире бувад,
Ман нахоҳам кард дигар такя бар пиндори хеш.

Ҳар кӣ хоҳад дар ҳақи мо ҳар чӣ хоҳад, гӯ, бигӯй,
Мо намедорем даст аз домани дилдори хеш.

Рӯзи растохез, к-он ҷо кас напардозад ба кас,
Ман напардозам ба ҳеч аз гуфтугӯи ёри хеш.

Саъдиё, дар кӯи ишқ аз порсоӣ дам мазан,
Ҳар матоъеро харидорест дар бозори хеш.