Ёри дурӯғваъдаи бебоки ман куҷост?!

Ёри дурӯғваъдаи бебоки ман куҷост?!
Шодирасони хотири ғамноки ман куҷост?!

Ҳастам зи ақлу даъвии идроки ӯ ба ҷон,
Ошӯби ақлу офати идроки ман куҷост?!

Чокам фитод дар ҷигар аз захми теғи ҳаҷр,
То он руфӯгарои ҷигарчоки ман куҷост?!

Мурдам зи ишқу хоки вуҷудам ба бод рафт,
Кас пай намебарад, ки кунун хоки ман куҷост!

Оташ ҳамин ба хирмани покон занад ғамаш,
Он шуъладархури хасу хошоки ман куҷост?!

З-осеби заҳри ҳаҷр маро ҷон ба лаб расид,
Он аз ду лаб хазинаи тарёки ман куҷост?!

Ҷомӣ шикори тири аҷал гашту он савор
Ҳаргиз нагуфт оҳуи фитроки ман куҷост?!