Ёри мо, дилдори мо, олами асрори мо

51

Ёри мо, дилдори мо, олами асрори мо,
Юсуфи дидори мо, равнақи бозори мо!

Бар дами имсоли мо ошиқ омад пори мо,
Муфлисонему туйӣ ганҷи мо, динори мо!

Коҳилонему туйӣ ҳаҷҷи мо, пайкори мо,
Хуфтагонему туйӣ давлати бедори мо!

Хастагонему туйӣ марҳами бемори мо,
Мо харобему туйӣ аз карам миъмори мо!

Дӯш гуфтам ишқро, ай шаҳи айёри мо,
Сар макаш, мункир машав, бурдайӣ дастори мо!

Пас ҷавобам дод ӯ, к-аз ту аст ин кори мо,
Ҳар чи гӯйӣ, во диҳад чун садо куҳсори мо!

Гуфтамаш: «Худ мо куҳем, ин садо гуфтори мо,
З-он ки куҳро ихтиёр набвад, ай мухтори мо!»

Гуфт: «Бишнав аввалан шаммае з-асрори мо,
Ҳар сутури лоғаре кай кашонад бори мо?!»

Гуфтамаш: «Аз мо бибар заҳмати ахбори мо,
Булбулӣ, мастӣ бикун ҳам зи бӯтемори мо!

Ҳастии ту фахри мо, ҳастии мо ори мо,
Аҳмаду Сиддиқ бин дар дили чун ғори мо!

Менанӯшад ҳар майе масти дурдихори мо,
Хур зи дасти шаҳ хурад мурғи хушминқори мо!

Чун бихусбад дар лаҳад қолаби мурдори мо,
Раста гардад з-ин қафас тӯтии тайёри мо!

Худ шиносад ҷойи худ мурғи зӣраксори мо,
Баъди мо пайдо кунӣ дар замин осори мо!

Гар ба бустон бе туем, хор шуд гулзори мо,
Вар ба зиндон бо туем, гул бирӯяд хори мо!

Гар дар оташ бо туем, нур гардад нори мо
В-ар ба ҷаннат бе туем, нор шуд анвори мо!

Аз ту шуд бози сапед зоғи мову сори мо,
Бас куну дигар магӯ, к-ин бувад гуфтори мо!