Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст

76

Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.

Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.

На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад, одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди Одам аст.

Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сирате
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви1 олам аст.

Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахурдаам,
Ҷуз бар ду рӯи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.

Онон ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ2 бар эшон муҳаррам3 аст.

В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб,
Пандаш бидеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ сахт муҳкам аст.

Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В-ар ҳаст, дар муҷовирати ёри маҳрам аст.

Гар хуни тоза меравад аз реши4 аҳли дил,
Дидори дӯстон ки бибинанд, марҳам аст.

Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.

Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рӯи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.


1 Зоид, нолозим.
2 Баҳор.
3 Ҳаромшуда, таҳримшуда.
4 Захм, ҷароҳат.