Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад

237

Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад,
Бар муроди худ ихтиёр кунад.

Зинҳор1 аз касе, ки дар ғами дӯст
Пеши бегона зинҳор кунад2.

Бори ёрон бикаш, ки домани гул
Он барад, эҳтимоли хор кунад.

Хонаи ишқ дар харобот аст,
Некномӣ дар ӯ чӣ кор кунад?

Шаҳрбанди ҳавои нафс набош,
Саги шаҳр устухон шикор кунад.

Ҳар шабе ёри шоҳиде будан
Рӯзи ҳушёрият хумор кунад.

Қозии шаҳри ошиқон бояд,
Ки ба як шоҳид ихтисор кунад.

Сари Саъдӣ сарои султон аст,
Нодир он ҷо касе гузор кунад.


1 Бипарҳез.
2 Амон бихоҳад, паноҳ биҷӯяд.