Ёр маро менаҳилад, то ки бихорам сари худ

189

Ёр маро менаҳилад, то ки бихорам сари худ,
Ҳайкали ёрам, ки маро мефашурад дар бари худ!

Гоҳ чу қаттори шутур мекашадам аз пайи худ,
Гоҳ маро пеш кунад шоҳ чу сарлашкари худ!

Гаҳ чу нигинам бимазад, то ки ба ман миҳр ниҳад,
Гоҳ маро ҳалқа кунад, дӯзад ӯ бар дари худ!

Хун бибарад, нутфа кунад, нутфа барад, халқ кунад,
Халқ кушад, ақл кунад, фош кунад маҳшари худ!

Гоҳ биронад ба наям, ҳамчу кабӯтар ба ватан,
Гоҳ ба сад лоба маро хонад то маҳзари худ!

Гоҳ чу киштӣ барадам бар сари дарё ба сафар,
Гоҳ маро ланг кунад, бандад бар лангари худ!

Гоҳ маро об кунад аз пайи покиталабон,
Гоҳ маро хор кунад дар раҳи бадахтари худ!

Ҳашт биҳишти абадӣ манзари он шоҳ нашуд,
То чи хуш аст ин дили ман, к-ӯ кунадаш манзари худ!

Ман ба шаҳодат нашудам муъмини он шоҳиди ҷон,
Муъминаш он гоҳ шудам, ки бишудам кофари худ!

Ҳар ки даромад ба сафаш, ёфтамон аз талафаш,
Теғ бидидам ба кафаш, сӯхтам он испари худ!

Ҳампари Ҷабрил будам, шашсад пар буд маро,
Чунки расидам бари ӯ, то чи кунам ман пари худ?!

Ҳориси он гавҳари ҷон будам рӯзону шабон,
Дар таги дарёи гуҳар фориғам аз гавҳари худ!

Чанд сифат мекунияш, чунки нагунҷад ба сифат,
Бас кун, то ман биравам бар сари шӯру шари худ!