Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз,
Баҳри дили хаста чорасоз омад боз.
Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ,
Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз!