Ё мабсиман юҳокӣ дурҷан мина-л-лаолӣ

462

Ё мабсиман юҳокӣ дурҷан мина-л-лаолӣ,
Ё Раб, чӣ дархур омад гирдат хати ҳилолӣ!

Ҳолӣ хаёли васлат хуш медиҳад фиребам,
То худ чӣ нақш бозад ин сурати хаёлӣ.

Май деҳ, ки гарчи гаштам номасиёҳи олам,
Навмед кай тавон буд аз лутфи лоязолӣ?

Сокӣ, биёр ҷоме в-аз хилватам бурун каш,
То дар ба дар бигардам қаллошу лоуболӣ.

Аз чор чиз магзар, гар оқилию зирак:
Амну шароби беғаш, маъшуқу ҷойи холӣ.

Чун нест нақши даврон дар ҳеч ҳол собит,
Ҳофиз, макун шикоят, то май хӯрем ҳолӣ.

Софист ҷоми хотир дар даври Осафи аҳд,
Қум фасқинӣ раҳиқан асфо мина-з-зулолӣ,

Ал-мулку қад табоҳо мин ҷаддиҳи ва ҷиддиҳ,
Ё Раб, ки ҷовидон бод ин қадру ин маъолӣ!

Маснадфурӯзи давлат, кони шукӯҳу шавкат,
Бурҳони мулку миллат, Бӯнасри Булмаолӣ.