Ё Раб, он оҳуи мушкин ба Хутан бозрасон

385

Ё Раб, он оҳуи мушкин ба Хутан бозрасон
В-он саҳисарви хиромон ба чаман бозрасон.

Дили озурдаи моро ба насиме бинавоз,
Яъне, он ҷони зитанрафта ба тан бозрасон.

Моҳу хуршед ба манзил чу ба амри ту расанд,
Ёри маҳрӯйи маро низ ба ман бозрасон.

Дидаҳо дар талаби лаъли ямонӣ хун шуд,
Ё Раб, он кавкаби рахшон ба Яман бозрасон.

Бирав, эй тоири маймуни ҳумоюносор,
Пеши анқо сухани зоғу заған бозрасон.

Сухан ин аст, ки мо бе ту нахоҳем ҳаёт,
Бишнав, эй пайк, хабар гиру сухан бозрасон.

Он ки будӣ ватанаш дидаи Ҳофиз, ё Раб,
Ба муродаш зи ғарибӣ ба ватан бозрасон.