Ё Раб, он рӯй аст ё барги суман?

444

Ё Раб, он рӯй аст ё барги суман?
Ё Раб, он қадд аст ё сарви чаман?

Бар суман кас дид ҷаъди мушкбор?
Дар чаман кас дид сарви симтан?

Ақл чун парвона гардиду наёфт
Чун ту шамъе дар ҳазорон анҷуман.

Сахт муштоқем, паймоне бикун,
Сахт маҷрӯҳем, пайконе бикан.

Ваҳ, кадомат з-ин ҳама ширинтар аст:
Ханда ё рафтор, ё лаб, ё сухан?

Гар сари мо хоҳӣ, инак ҷону сар,
В-ар сари мо дорӣ, инак молу тан.

Гар навозӣ, в-ар кушӣ, фармон турост,
Бандаем, инак сару теғу кафан!

Саъқа1 мехоҳӣ, ҳиҷобе даргузор,
Фитна меҷӯӣ, ниқобе барфикан.

Ман киям, к-он ҷо ки кӯи ишқи туст,
Дарнамегунҷад ҳадиси мову ман

Эй зи васлат хонаҳо дорушшифо,
В-эй зи ҳаҷрат байтҳо байтулҳазан.

Вақти он омад, ки хоки мурдаро
Бод резад оби ҳайвон дар даҳан.

Пора гардонад Зулайхои сабо
Субҳдам бар Юсуфи гул пираҳан.

Нутфаи шабнам дар арҳоми замин
Шоҳиди гул гашту тифли ёсуман.

Файҳи2 райҳон аст ё бӯи биҳишт,
Хоки Шероз аст ё боди Хутан?!

Баргузар, то хира гардад сарвбун,
Дарнигар, то тира гардад настаран.

Боргоҳи зоҳидон дарҳам навард,
Коргоҳи сӯфиён барҳам шикан!

Шоҳидон чустанд, соқӣ, гӯ, биё,
Ошиқон мастанд, мутриб, гӯ, бизан!

Суғбаи3 халқам чу сӯфӣ дар куништ,
Шуҳраи шаҳрам чу ғозӣ бар расан.

Тарбиятро ҳулла, гӯ, дар мо мапӯш,
Офиятро парда, гӯ, бар мо матан!

Чарх бо сад чашм чун рӯи ту дид,
Сад забон мехост, то гӯяд ҳасан!

Носазо хоҳам шунид аз хосу ом,
Сарзаниш хоҳам шунид аз марду зан.

Саъдиё, гар ошиқӣ, пое бикӯб,
Ошиқо, гар муфлисӣ, пое бизан!


1 Беҳушӣ.
2 Дамидани бӯи гул ё мушк.
3 Масхара.