Ё Раб, чӣ шуд имрӯз, ки он моҳ наёмад?

Ё Раб, чӣ шуд имрӯз, ки он моҳ наёмад?
Ҷон рафт зи тан, в-он бути дилхоҳ наёмад.

Сад қиссаи пурғусса мани зулмрасида
Бурдам ба сари роҳ, вале шоҳ наёмад.

Аз хоки дараш буд маро чашм ғуборе,
Ин лутф ҷуз аз боди саҳаргоҳ наёмад.

Аз лаззати теғат чӣ хабар мурдадилонро,
Чун захми ту ҷуз бар дили огоҳ наёмад.

Аз ҳусну латофат дили ман хилъати васфе
Кам дӯхт, ки бар қадди ту кӯтоҳ наёмад.

Ҳаргиз ба сари хоки шаҳидон нагузаштам,
К-аз хоки шаҳиди ғами ту оҳ наёмад.

Ҷомӣ, ману ҷоми маю қаллошию риндӣ,
Чун зуҳду салоҳ аз мани гумроҳ наёмад.