Ё Раб, шаби дӯшин чӣ муборак саҳаре буд

261

Ё Раб, шаби дӯшин чӣ муборак саҳаре буд,
К-ӯро ба сари куштаи ҳиҷрон гузаре буд?

Он дӯст, ки моро ба иродат назаре ҳаст,
Бо мо магар ӯро ба иноят назаре буд?

Минбаъд ҳикоят накунам талхии ҳиҷрон,
К-он мева ки аз сабр баромад, шакаре буд.

Рӯе натавон гуфт, ки ҳуснаш ба чӣ монад,
Гӯӣ, ки дар он нимашаб аз рӯз даре буд.

Гӯям, қамаре буд, кас аз ман написандад,
Боғе, ки ба ҳар шохи дарахташ қамаре буд.

Он дам, ки хабар будам аз ӯ, то ту нагӯӣ,
К-аз хештану ҳар кӣ ҷаҳонам, хабаре буд.

Дар олами васфаш ба ҷаҳоне бирасидам,
К-андар назарам ҳар ду ҷаҳон мухтасаре буд.

Ман будаму ӯ, не, қалам андар сари ман каш,
Бо ӯ натавон гуфт, вуҷуди дигаре буд.

Бо ғамзаи хубон, ки чу шамшери кашида-ст,
Дар сабр бидидам, ки на муҳкам сипаре буд.

Саъдӣ, натавонӣ, ки дигар дида бидӯзӣ,
К-он дил бирабуданд, ки сабраш қадаре буд.