Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест

124

Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест,
Ҷуз нишонат ҳамнишин ҷустем, нест!

Ончунон ҷустан, ки мехоҳӣ, бигӯ,
К-ончунонро инчунин ҷустем, нест!

Баъд аз ин бар осмон ҷӯем ёр,
З-он ки ёре дар замин ҷустем, нест!

Чун хаёли мо туйӣ, ай бехаёл,
То ба чархи ҳафтумин ҷустем, нест!

Биҳтар он бошад, ки маҳви ин шавем,
К-аз ду олам биҳ аз ин ҷустем, нест!

Софҳои ҷумла олам хурда гир,
Ҳамчу дурди дарди дин ҷустем, нест!

Ҳотами мулки Сулаймон ҷустанист,
Ҳалқаҳо ҳасту нигин ҷустем, нест!

Сурате, к-андар нигини ӯ будаст,
Дар бутони Руму Чин ҷустем, нест!

Ончунон сурат, ки шарҳаш мекунам,
Ҷуз ки суратофарин ҷустем, нест!

Андар он сурат яқин ҳосил шавад,
К-аз варои он яқин ҷустем, нест!

Ҷойи он ҳаст, ар гумони бад барем,
З-он ки бе макре амин ҷустем, нест!

Пушти мо аз занни бад шуд чун камон,
З-он ки роҳе бе камин ҷустем, нест!

З-ин баён нуре, ки пайдо мешавад,
Дар баёну дар мубин ҷустем, нест!