Қарори зиндагонӣ он нигор аст

94

Қарори зиндагонӣ он нигор аст,
К-аз ӯ он беқарорӣ барқарор аст!

Маро савдои ту доман гирифтаст,
Ки ин савдо на он савдои ёр аст!

Манам сӯзон дар оташҳои нав-нав,
Маро бо ёракон акнун чи кор аст?!

Ҳаменолад дарун аз беқарорӣ,
Бад-он монад, ки он ҷони нигор аст!

Чу аз ёре туро ҷон хаста гардад,
Намедонад, ки андар ҷон-ш хор аст!

Ту дур ҷӯйиву хорат мехарошад,
Намедонӣ, ки хоре дар сарор аст?!

Гурезон шав аз он хору ба гул рав,
Ки Шамсуддини Табрезӣ баҳор аст!