Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд

209

Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд
В-арна ҳеч аз дили бераҳми ту тақсир набуд.

Мани девона чу зулфи ту раҳо мекардам,
Ҳеч лоиқтарам аз ҳалқаи занҷир набуд.

Ё Раб, ин ойинаи ҳусн чӣ ҷавҳар дорад,
Ки дар ӯ оҳи маро қуввати таъсир набуд?!

Сар зи ҳайрат ба дари майкадаҳо бар кардам,
Чун шиносои ту дар савмаа як пир набуд.

Нозанинтар зи қадат дар чамани ноз наруст,
Хуштар аз нақши ту дар олами тасвир набуд.

То магар ҳамчу сабо боз ба кӯйи ту расам,
Ҳосилам дӯш ба ҷуз нолаи шабгир набуд.

Он кашидам зи ту, эй оташи ҳиҷрон, ки чу шамъ
Ҷуз фанои худам аз дасти ту тадбир набуд.

Ояте буд азоб андуҳи Ҳофиз бе ту,
Ки бари ҳеч касаш ҳоҷати тақсир набуд.