Ҳавохоҳи туам, ҷонову медонам, ки медонӣ

474

Ҳавохоҳи туам, ҷонову медонам, ки медонӣ,
Ки ҳам нодида мебинию ҳам нанвишта мехонӣ.

Маломатгӯ чӣ дарёбад миёни ошиқу маъшуқ,
Набинад чашми нобино хусус асрори пинҳонӣ.

Бияфшон зулфу сӯфиро ба побозию рақс овар,
Ки аз ҳар руқъаи далқаш ҳазорон бут бияфшонӣ.

Гушоди кори муштоқон дар он абрӯи дилбанд аст,
Худоро, як нафас биншин, гиреҳ бикшо зи пешонӣ.

Малак дар саҷдаи Одам заминбӯси ту нийят кард,
Ки дар ҳусни ту лутфе дид беш аз ҳадди инсонӣ.

Чароғафрӯзи чашми мо насими зулфи ҷонон аст,
Мабод ин ҷамъро, ё Раб, ғам аз боди парешонӣ!

Дареғо, айши шабгире, ки дар хоби саҳар бигзашт,
Надонӣ қадри вақт, эй дил, магар вақте ки дармонӣ.

Малул аз ҳамраҳон будан тариқи корвонӣ нест,
Бикаш душвории манзил ба ёди аҳди осонӣ.

Хаёли чанбари зулфаш фиребат медиҳад, Ҳофиз,
Нигар, то ҳалқаи иқболи номумкин наҷунбонӣ!