Ҳадиси ишқ ба тӯмор дарнамегунҷад

160

Ҳадиси ишқ ба тӯмор дарнамегунҷад,
Баёни дӯст ба гуфтор дарнамегунҷад.

Самоъи унс, ки девонагон аз он мастанд,
Ба самъи мардуми ҳушёр дарнамегунҷад.

Муяссарат нашавад ошиқию мастурӣ,
Вараъ ба хонаи хаммор дарнамегунҷад.

Чунон фарох нишастаст ёр дар дили танг,
Ки беш заҳмати ағёр дарнамегунҷад.

Туро чунон ки туӣ, ман сифат надонам кард,
Ки арзи ҷома ба бозор дарнамегунҷад.

Дигар ба сурати ҳеч офарида дил надиҳам,
Ки бо ту сурати девор дарнамегунҷад.

Хабар кӣ медиҳад имшаб рақиби мискинро?
Ки саг ба зовияи1 ғор дарнамегунҷад.

Чу гул бабор бувад, ҳамнишини хор бувад,
Чу дар канор бувад, хор дарнамегунҷад.

Чунон иродату шавқ аст дар миёни ду дӯст,
Ки саъйи душмани хунхор дарнамегунҷад.

Ба чашми дил назарат мекунам, ки дидаи сар
Зи барқи шуълаи дидор дарнамегунҷад.

Зи дӯстон ки туро ҳаст, ҷои Саъдӣ нест,
Гадо миёни харидор дарнамегунҷад.


1 Кунҷ, гӯша.