Ҳадиси Ҷаму ҷом лоғ асту лоба

Ҳадиси Ҷаму ҷом лоғ асту лоба,
Хуш он сар, ки бо ҷом гӯяд қароба.

Ба оби май обод кун кохи айшам,
Ки рӯ дар харобӣ ниҳод он хароба.

Нахоҳам зи дурди қадаҳ даст шустан,
Агар маҳ бувад ташту меҳр офтоба.

Бувад қасри ишрат басе хуш, чӣ будӣ,
Ки ҳарфи бақо доштӣ бар китоба.

Пайи сирри ирфон матан тори фикрат,
Харидори Юсуф машав з-ин калоба.

Бикаш з-атласи чарх пойи иродат,
Ки ҳайф аст ин по бад-он пойтоба.

Кафи Ҷомӣ аз ҷом холӣ мабодо,
Аҷиб даъватӣ ё валия-л-иҷоба1!


1 Арабӣ: Дъуои маро мустаҷоб кун, ай мустаҷобкунанда.