Ҳадис ё шакар аст, он ки дар даҳон дорӣ?

569

Ҳадис ё шакар аст, он ки дар даҳон дорӣ?
Дувум ба лутф нагӯям, ки дар ҷаҳон дорӣ.

Гуноҳи ошиқи бечора нест дар паи ту,
Гуноҳи туст, ки рухсори дилситон дорӣ.

Ҷамоли орази хуршеду ҳусни қомати сарв
Туро расад, ки чу даъво кунӣ, баён дорӣ.

Надонам, эй камар, ин салтанат чӣ лоиқи туст,
Ки бо чунин санаме даст дар миён дорӣ?

Басест, то дили гумкарда боз меҷустам,
Дар абрувони ту бишнохтам, ки он дорӣ.

Туро ки зулфу буногӯшу хадду қад ин аст,
Марав ба боғ, ки дар хона бӯстон дорӣ.

Бад-ин сифат ки туӣ, дил чӣ ҷои хидмати туст?
Фаротар ой, ки раҳ дар миёни ҷон дорӣ.

Гар ин равиш, ки ту, товус, мекунӣ рафтор,
На бурҷи ман, ки ҳама олам ошён дорӣ.

Қадам зи хона чу берун ниҳӣ, ба иззат неҳ,
Ки хуни дидаи Саъдӣ бар остон дорӣ.