Ҳазор аҳд бикардам, ки гирди ишқ нагардам

373

Ҳазор аҳд бикардам, ки гирди ишқ нагардам,
Ҳаме баробарам ояд хаёли рӯи ту ҳар дам.

Нахостам, ки бигӯям ҳадиси ишқу чӣ ҳоҷат,
Ки оби дидаи сурхам бигуфту чеҳраи зардам.

Ба гулбуне бирасидам, маҷоли сабр надидам,
Гуле тамом начидам, ҳазор хор бих(в)ардам.

Бисоти умри маро, гӯ, фурӯ навард1, замона,
Ки ман ҳикояти дидори дӯст дарнанавардам.

Ҳар он касам, ки насиҳат ҳамекунад ба сабурӣ,
Ба ҳарза боди ҳаво медамад бар оҳани сардам.

Ба чашмҳои ту, донам, ки то зи чашм бирафтӣ,
Ба чашми ишқу иродат назар ба ҳеч накардам.

На рӯз мебишумурдам дар интизори ҷамолат,
Ки рӯзи ҳаҷри туро худ зи умр менашумурдам.

Чӣ душманӣ, ки накардӣ, чунон ки хӯи ту бошад,
Ба дӯстӣ, ки шикоят ба ҳеч дӯст набурдам.

Ман аз каманди ту аввал чу ваҳш мебирамидам,
Кунун ки унс гирифтам, ба теғ бознагардам.

Туро кӣ гуфт, ки Саъдӣ на марди ишқи ту бошад?
Гар аз вафот бигардам, дуруст шуд, ки на мардам.


1 Дар ҳам печон.