Ҳазор сахтӣ агар бар ман ояд, осон аст

82

Ҳазор сахтӣ агар бар ман ояд, осон аст,
Ки дӯстию иродат ҳазорчандон аст.

Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст,
Ки хори дашти муҳаббат гул асту райҳон аст.

Агар ту ҷавр кунӣ, ҷавр нест, тарбият аст,
В-агар ту доғ ниҳӣ, доғ нест, дармон аст.

На обрӯй, ки гар хуни дил бихоҳӣ рехт,
Мухолифат накунам, он кунам, ки фармон аст.

Зи ақли ман аҷаб ояд савобгӯёнро,
Ки дил ба дасти ту додан хилоф дар ҷон аст.

Ман аз канори ту дур уфтодаам, на аҷаб,
Гарам қарор набошад, ки доғи ҳиҷрон аст.

Аҷаб дар он сари зулфи муанбари мафтул,
Ки дар канори ту хусбад, чаро парешон аст?

Ҷамоате ки надонанд ҳаззи рӯҳонӣ,
Тафовуте ки миёни давобу инсон аст,

Гумон баранд, ки дар боғи ишқ Саъдиро
Назар ба себи занахдону нори пистон аст.

Маро ҳар оина хомӯш будан авлотар,
Ки ҷаҳл пеши хирадманд узри нодон аст.

Ва мо убаррию нафсӣ ва ло узаккиҳо,
Ки ҳар чӣ нақл кунанд аз башар, дар имкон аст.