Ҳала, рафтему гаронӣ зи ҷамолат бурдем

595

Ҳала, рафтему гаронӣ зи ҷамолат бурдем,
Ҷиҳати тӯшаи раҳ зикри висолат бурдем!

То ки морову туро тазкирае бошад ёд,
Дили хаста ба ту додему хаёлат бурдем!

Он хаёли рухи хубат, ки қамар бандаи ӯст
В-он хами абруи монанди ҳилолат бурдем!

В-он шакархандаи хубат, ки шакар ташнаи ӯст,
Зи шакархонаи маҷмӯъи хисолат бурдем!

Чун кабӯтар чу бипаррем, ба ту бозоем,
З-он ки мо ин пару бол аз пару болат бурдем!

Ҳар куҷо пардаи фаръӣ ба суйи асл ояд,
Ҳар чи дорем, ҳам аз иззу ҷалолат бурдем!

Шамси Табрез, шунав хидмати моро зи сабо,
Гар шамол асту сабо, ҳам зи шамолат бурдем!