Ҳама касро тану андому ҷамол асту ҷавонӣ

618

Ҳама касро тану андому ҷамол асту ҷавонӣ,
В-ин ҳама лутф надорад, ту магар сарви равонӣ?

Назар овардаму бурдам, ки вуҷуде ба ту монад,
Ҳама исманду ту ҷисмӣ, ҳама ҷисманду ту ҷонӣ.

Ту магар парда бипӯшию касат рӯй набинад,
В-ар ҳамин парда занӣ, пардаи халқе бидаронӣ.

Ту надонӣ, ки чаро дар ту касе хира бимонад,
То касе ҳамчу ту бошад, ки дар ӯ хира бимонӣ.

Нӯки тири мижа аз ҷавшани ҷон мегузаронӣ.
Ман, тунукпӯст нагуфтам, ту чунин сахткамонӣ?!

Ҳар чӣ дар ҳусни ту гӯянд, чунонӣ ба ҳақиқат,
Айбат он аст, ки бо мо ба иродат на чунонӣ.

Рамақе беш намондаст гирифтори ғаматро,
Чанд маҷрӯҳ тавон дошт? Бикуш, то бираҳонӣ.

Беш аз ин сабр надорам, ки ту ҳар дам бари қавме
Бинишинию маро бар сари оташ бинишонӣ.

Гар бимирад, аҷаб, ар шахсу дигар зинда набошад,
Ки биронӣ зи дари хешу дигар бор бихонӣ.

Саъдиё, гар қадамат роҳ ба поён нарасонад,
Боре андар талабаш умр ба поён бирасонӣ.