Ҳама чашмем, то бурун оӣ

508

Ҳама чашмем, то бурун оӣ,
Ҳама гӯшем, то чӣ фармоӣ.

Ту на он суратӣ, ки бе рӯят
Мутасаввар шавад шикебоӣ.

Ман зи дасти ту хештан бикушам,
То ту дасте ба хун наёлоӣ.

Гуфта будӣ қиёматам бинанд,
Ин гурӯҳе муҳибби савдоӣ.

В-инчунин рӯи дилситон, ки турост
Худ қиёмат бувад, ки бинмоӣ.

Мо тамошокунони кӯтаҳдаст,
Ту дарахти баландболоӣ.

Сари мо в-остони хидмати ту,
Гар биронӣ, в-агар бибахшоӣ.

Ҷон ба шукрона додан аз ман хоҳ,
Гар ба инсоф бо миён оӣ.

Ақл бояд, ки бо салобати ишқ
Накунад панҷаи тавоноӣ.

Ту чӣ донӣ, ки бар ту нагзаштаст
Шаби ҳиҷрону рӯзи танҳоӣ?

Равшанат гардад ин ҳадис чу рӯз,
Гар чу Саъдӣ шабе бипаймоӣ.