Ҳам ба бар ин бути зебо хушак аст

Ҳам ба бар ин бути зебо хушак аст,
Ман нишастам, ки ҳамин ҷо хушак аст!

Мутрибу ёри ману шамъу шароб,
Инчунин айши муҳайё хушак аст!

Ману ту ҳеч аз ин ҷо наравем,
Паҳлуи шаккару ҳалво хушак аст!

Хиҷил аст аз рухи ёрам гули тар,
Бо чунин чиҳраву симо хушак аст!

Ҳар сабоҳе зи ҷамолаш мастем,
Хоса имрӯз, ки бо мо хушак аст!

Биҷаҳам, ҳалқаи зулфаш гирам,
Ки дар он ҳалқа тамошо хушак аст!

Шамси Табрез, ки нури дилҳост,
Доимо бо гули раъно хушак аст!