Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад

223

Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Аз димоғи мани саргашта хаёли рухи дӯст,
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.

Дар азал баст дилам бо сари зулфат пайванд,
То абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.

Ҳар чӣ ҷуз бори ғамат бар дили мискини ман аст,
Биравад гар сари ман в-аз дили ман он наравад.

Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,
Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.

Гар равад аз пайи хубон дили ман, маъзур аст,
Дард дорад, чӣ кунад, к-аз пайи дармон наравад?

Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надиҳад в-аз пайи эшон наравад.