Ҳаргиз набувад сарв ба боло, ки ту дорӣ

570

Ҳаргиз набувад сарв ба боло, ки ту дорӣ,
Ё маҳ ба сафои рухи зебо, ки ту дорӣ.

Гар шамъ набошад шаби дилсӯхтагонро,
Равшан кунад ин ғурраи ғарро1, ки ту дорӣ.

Ҳурони биҳиштӣ, ки дили халқ ситонанд,
Ҳаргиз наситонанд дили мо, ки ту дорӣ.

Бисёр бувад сарви равону гули хандон,
Лекин на бад-ин сурату боло, ки ту дорӣ.

Пайдост, ки сарпанҷаи моро чӣ бувад зӯр
Бо соъиди симини тавоно, ки ту дорӣ.

Сеҳри суханам дар ҳама офоқ бибурданд,
Лекин чӣ занад бо яди байзо, ки ту дорӣ?

Амсоли ту аз суҳбати мо нанг надоранд,
Ҷои магас аст ин ҳама ҳалво, ки ту дорӣ.

Ин рӯй ба саҳро кунад, он майл ба бустон,
Ман рӯй надорам магар он ҷо, ки ту дорӣ.

Саъдӣ, ту наёромию кӯтаҳ накунӣ даст,
То сар наравад дар сари савдо, ки ту дорӣ.

То майл набошад ба висол аз тарафи дӯст,
Суде накунад ҳирсу таманно, ки ту дорӣ.


1 Моҳи равшан, маҷ.пешонии равшану тобнок.