Ҳаргиз он дил бинамирад, ки ту ҷонаш бошӣ

584

Ҳаргиз он дил бинамирад, ки ту ҷонаш бошӣ,
Некбахт он ки ту дар ҳар ду ҷаҳонаш бошӣ.

Ғаму андеша дар он доира ҳаргиз наравад,
Ба ҳақиқат, ки ту чун нуқта миёнаш бошӣ.

Ҳаргизаш боди сабо барг парешон накунад,
Бӯстоне ки чу ту сарви равонаш бошӣ.

Ҳама олам нигарон, то назари бахти баланд
Бар кӣ афтад, ки ту як дам нигаронаш бошӣ.

Ташнагонат ба лаб, эй чашмаи ҳайвон, мурданд,
Ташнатар он ки ту наздики даҳонаш бошӣ.

Гар тавон буд, ки даври фалак аз сар гиранд,
Ту дигар нодираи даври замонаш бошӣ.

Васфат он нест, ки дар ваҳми сухандон гунҷад,
В-ар касе гуфт, магар ҳам ту забонаш бошӣ.

Чун таҳаммул накунад бори фироқи ту касе,
Бо ҳама дарди дил осоиши ҷонаш бошӣ?

Эй ки бе дӯст ба сар менатавонӣ, ки барӣ,
Шояд, ар муҳтамили бори гаронаш бошӣ.

Саъдӣ он рӯз, ки ғавғои қиёмат бошад,
Чашм дорад, ки ту манзури ниҳонаш бошӣ.