Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам

321

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,
Ҳар гаҳ ки ёди рӯйи ту кардам, ҷавон шудам.

Шукри Худо, ки ҳар чӣ талаб кардам аз Худо,
Бар мунтаҳои ҳиммати худ комрон шудам.

Эй гулбуни ҷавон, бари давлат бихур, ки ман
Дар сояи ту булбули боғи ҷаҳон шудам.

Аввал зи таҳту фавқи вуҷудам хабар набуд,
Дар мактаби ғами ту чунин нуктадон шудам.

Қисмат ҳаволатам ба харобот мекунад,
Ҳарчанд к-инчунин шудаму ончунон шудам.

Он рӯз бар дилам дари маънӣ гушуда шуд,
К-аз сокинони даргаҳи пири муғон шудам.

Дар шоҳроҳи давлати сармад ба тахти бахт
Бо ҷоми май ба коми дили дӯстон шудам.

Аз он замон ки фитнаи чашмат ба ман расид,
Эмин зи шарри фитнаи охирзамон шудам.

Ман пири солу моҳ наям, ёр бевафост,
Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам.

Дӯшам навид дод иноят, ки, Ҳофизо,
Боз о, ки ман ба афви гуноҳат замон шудам.