Ҳарчанд ҷуз фиребу фусунат наёфтам

Ҳарчанд ҷуз фиребу фусунат наёфтам,
Як дам зи ҷони хеш бурунат наёфтам.

Ҳар ҷо, ки ҳаст, чун ҳама ному нишони туст,
Дар ҳайратам зи хеш, ки чунат наёфтам?

Барҳам задам бунафшаву сунбул басе чу бод,
Бӯйе зи хатти ғолиягунат наёфтам.

Чашми бад аз ту дур, ки кам рух намудиям,
К-аз навбати гузашта фузунат наёфтам.

Ҳаргиз ба сӯйи ман нагузаштӣ, к-аз ашки хеш
Доман чу гул кашида ба хунат наёфтам.

Ту он забонкушӣ, ки гаҳи қатли саркашон
Майле ба ошиқони забунат наёфтам.

Ҷомӣ, асири силсилаи зулфи кистӣ,
К-озодагӣ зи қайди ҷунунат наёфтам?!