Ҳар гаҳ, ки бар ман он бути айёр бигзарад

177

Ҳар гаҳ, ки бар ман он бути айёр бигзарад,
Сад корвони олами асрор бигзарад.

Масти шаробу хобу ҷавонию шоҳидӣ
Ҳар лаҳза пеши мардуми ҳушёр бигзарад.

Ҳар гаҳ, ки бигзарад, бикушад дӯстони хеш,
В-ин дӯст мунтазир, ки дигар бор бигзарад.

Гуфтам, ба гӯшае бинишинам чу оқилон,
Девонаам кунад, чу паривор бигзарад.

Гуфтам даре зи халқ бибандам ба рӯи хеш,
Дардест дар дилам, ки зи девор бигзарад.

Бозори ҳусни ҷумлаи хубон шикастаӣ,
Раҳ нест, к-аз ту ҳеч харидор бигзарад.

Ғоиб машав, ки умри гаронмоя зоеъ аст,
Илло даме, ки дар назари ёр бигзарад.

Осоиш аст ранҷ кашидан ба бӯи1 он-к
Рӯзе табиб бар сари бемор бигзарад.

Тарсам, ки масту ошиқу бедил шавад чу мо,
Гар муҳтасиб ба хонаи хаммор бигзарад.

Саъдӣ, ба хештан натавон рафт сӯи дӯст,
Он ҷо тариқ2 нест, ки ағёр бигзарад.


1 Орзу, умед.
2 Роҳ.