Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам

Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам,
Ҷон супорам ба сагонат, тани танҳо биравам.

Мешавам боз пушаймон, ки на мақдури1 ман аст,
Ки ба ҷое, ки ту бошӣ, ман аз он ҷо биравам.

Гар кушоянд дари равзаи ризвон, ҳошо,
Ки аз ин дар ба таманнои тамошо биравам.

Тӯтиям, бе суханат з-ин қафаси танг ба ҷон,
Бикушо лаб, ки ба шукри ту шакархо биравам.

Бо ту бемории худро чӣ диҳам шарҳ, ки ҳаст,
Ҳар ду пеши ту яке, гар бизиям ё биравам.

Ишқи ман бо ту қадимист, наям чун дигарон,
К-оям имрӯз ба кӯйи туву фардо биравам.

Чанд гӯйӣ, ки бирав, Ҷомӣ аз ин дар, бикушо
Уқдаи зулф зи пойи дили ман, то биравам.


1 Мақдур – қудрат, имконият.