Ҳар кас, ки бинад он лаъли хандон

Ҳар кас, ки бинад он лаъли хандон,
Ангушти ҳайрат гирад ба дандон.

Бо сарви қаддат лофи баландӣ
Аз сар ниҳода болобаландон.

Роҳи ғаматро бо он дарозӣ
Паймуда сад раҳ мушкинкамандон.

Ҷаъди бунафша дар боғ бе ту
Соҳибдилонро банд асту зиндон.

Ҳаргиз набошад маҳ нимаи ту,
Гар худ ба хубӣ гардад дучандон.

Дарди дили ман донию лекин
Раҳме надорӣ бар дардмандон.

Ҷомӣ писандад сад ранҷ бо худ
Ҷуз ранҷи суҳбат бо худписандон.