Ҳар кӣ аз майкадаи ишқи ту бӯе шунавад

Ҳар кӣ аз майкадаи ишқи ту бӯе шунавад,
То зияд, маст зияд, чун биравад, маст равад.

В-он ки з-ин майкада бӯе ба машомаш нарасад,
Ин қадар давлати ӯ бас, ки ба ин мегаравад.

Киштзорест аҷаб арсаи гетӣ, ки дар ӯ
Ҳар киро менигарӣ, киштаи худ медаравад.

Ёр мустағниву раҳ мушкилу раҳбар ноёб,
Соликонро дил аз ин хун нашавад, чун нашавад?

Соҳиби соя бувад ишқи туву ман соя,
Биравам ё бидавам, чун биравад ё бидавад.

Мекашам пеши хаёли ту дилу ҷон, чӣ кунам?
Меҳмон ҳар кӣ бувад ҳозиру хон ҳар чӣ бувад.

Ҳоҷати савти муғаннӣ набувад Ҷомиро,
Ҷовидон бонги самоъ аз дили худ мешунавад.