Ҳар кӣ ба хештан равад, раҳ набарад ба сӯи ӯ

482

Ҳар кӣ ба хештан равад, раҳ набарад ба сӯи ӯ,
Биниши мо наёварад тоқати ҳусни рӯи ӯ.

Боғи бунафшаву суман бӯй надорад, эй сабо,
Ғолияе бисоз аз он турраи мушкбӯи ӯ.

Ҳар кас аз ӯ ба қадри хеш орзуе ҳамекунад,
Ҳиммати мо намекунад з-ӯ ба ҷуз орзуи ӯ.

Ман ба каманди ӯ-дарам, ӯ ба муроди хештан,
Гар наравад ба табъи ман, ман биравам ба хӯи ӯ.

Дафъи забони хасмро то нашаванд мутталеъ,
Дида ба сӯи дигарон дораму дил ба сӯи ӯ.

Домани ман ба дасти ӯ рӯзи қиёмат уфтад,
Умр ба нақд меравад дар сари гуфтугӯи ӯ.

Саъдӣ, агар бароядат пой ба санг, дам мазан,
Рӯзи нахуст гуфтамат, сар набарӣ зи кӯи ӯ.