Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд

Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,
Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.

Ҳар касе, ки шоҳ суханашро гӯш мекунад ва аз рӯи машварати ӯ амал мекунад, бояд ба шоҳ ба ғайр аз некиву хайрхоҳӣ чизи дигаре маслиҳат надиҳад. (Ҳамчунин, агар шоҳ аз рӯи машварати ӯ нисбати мардум зулму ситам бикунад, шахси машваратдиҳанда ё мушовири шоҳ низ дар он гуноҳи шоҳ шарик ҳисоб мешавад.)