Ҳар кӣ ҳаст илтифот бар ҷонаш

331

Ҳар кӣ ҳаст илтифот бар ҷонаш,
Гӯ, мазан лофи меҳри ҷононаш.

Дарди ман бар ман аз табиби ман аст,
Аз кӣ ҷӯям давову дармонаш?

Он ки сар дар каманди вай дорад,
Натавон рафт ҷуз ба фармонаш.

Чӣ кунад бандаи ҳақири фақир,
Ки набошад ба амри султонаш?

Ногузир аст ёри ошиқро,
Ки маломат кунанд ёронаш.

В-он ки дар баҳри Қулзум1 аст ғариқ,
Чӣ тафовут кунад зи боронаш?!

Гул ба ғоят расид, бигзоред,
То бинолад ҳазордастонаш.

Ақлро гар ҳазор ҳуҷҷат ҳаст,
Ишқ даъво кунад ба бутлонаш.

Ҳар киро навбате заданд ин тир,
Дар ҷароҳат бимонд пайконаш.

Нолае мекунад чу гиряи тифл,
Ки надонанд дарди пинҳонаш.

Сухани ишқ зинҳор магӯй,
Ё чу гуфтӣ, биёр бурҳонаш.

Наравад ҳушманд дар обе,
То набинад нахуст поёбаш.

Саъдиё, гар ба як дамат бе дӯст
Ҳар ду олам диҳанд, мастонаш!


1 Номи дигари баҳри Сурх.