Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад

270

Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад,
То мунтаҳои кори ман аз ишқ чун шавад.

Дил барқарор нест, ки гӯям насиҳате,
Аз роҳи ақлу маърифаташ раҳнамун шавад.

Ёр он ҳариф1 нест, ки аз дар дароядам,
Ишқ он ҳадис нест, ки аз дил бурун шавад.

Фарҳодворам аз лаби Ширин гузир нест,
В-ар кӯҳи меҳнатам ба масал Бесутун шавад.

Сокин намешавад нафасе оби чашми ман,
Симоб турфа набвад, агар бесукун шавад.

Дам даркаш аз маломатам, эй дӯст, зинҳор,
К-ин дарди ошиқӣ ба маломат фузун шавад.

Ҷуз дида ҳеч дӯст надидам, ки саъй кард,
То заъфарони чеҳраи ман лолагун шавад.

Девори дил ба санги тааннут хароб гашт,
Рахти сарои ақл ба яғмо кунун шавад.

Чун даври орази ту барандохт расми ақл,
Тарсам, ки ишқ дар сари Саъдӣ ҷунун шавад.


1 Мусоҳиб, ҳамкор.