Ҳар лаҳза ҷамоли худ навъи дигар ороӣ

Ҳар лаҳза ҷамоли худ навъи дигар ороӣ,
Шӯри дигар ангезӣ, шавқи дигар афзоӣ.

Ақл аз ту чӣ дарёбад, то васфи ту андешад,
Дар ақл намеғунҷӣ, дар васф намеоӣ.

Пинҳонии ту пайдо, пайдоии ту пинҳон,
Ҳам аз ҳама пинҳонӣ, ҳам бар ҳама пайдоӣ.

З-он соя, ки афгандӣ бар хок гаҳи ҷилва,
Доранд ҳама хубон сармояи зебоӣ.

Бе пардаи обу гил моро нанамоӣ рӯ,
Хуршеди дурахшонро то кай ба гил андоӣ1.

Ай гашта аён ҳар ҷо, ҳар ҷо, ки шавӣ пайдо,
Гардад зи ғамат шайдо сад ошиқи ҳарҷоӣ.

Ҷомӣ, зи дуӣ бигсил, якрӯй шаву якдил,
Бошад, ки кунӣ манзил дар олами яктоӣ.


1 Андоидан – андова кардан, андовидан.